Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Дар доираи баргузории ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Президенти Қирғизистон паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Таъкид гардид, ки имзову мавриди амал қарор гирифтани Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ҳамчун дастоварди таърихӣ барои таҳкими дӯстӣ ва эътимоди мутақобил хизмат менамояд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар заминаи эҳтироми мутақобил ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар аҳамияти хосса медиҳанд.
Дар идома зарурати муттаҳид намудани талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил таъкид карда шуд.
Ҳамчунин худи ҳамин рӯз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон – Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор гардид.
Қоҳир Расулзода барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматӣ аҳамияти муҳим дошта, ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки таҳкими муносибатҳои ҳамсоягии нек бо Қирғизистон аз авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Мусоҳибон ҳалли масъалаҳои сарҳадиро, ки барои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек байни ду давлат заминаи устувор фароҳам овард, рӯйдоди таърихӣ номиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба 36 миллион доллари ИМА расида, нисбат ба соли 2024 қариб 24 маротиба афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо азми худро доир ба иҷрои дастури сарони ду давлат – то ба 500 миллион доллар расонидани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ иброз намуданд.

