Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2025 баргузор гардид. Дар он ба 67 ҷоизадори мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 миллиону 40 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар оғози маросим муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сухан гуфта, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирию роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баён намуданд.

Иброз гардид, ки ин соҳа зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE