Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам
Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар яке аз қисми низомии пойтахт Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин бора Султонализода Ёқубҷон иттилоъ медиҳад. Ҳадафи асосии ин фестивал бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон ва омода намудани онҳо ба ҳифзи марзу буми кишвар мебошад.

