Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид

24 феврал дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод доир гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаи марбут ба иштироки кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Намоишгоҳ-ярмаркаи XXXIII байналмилалии китоби Минск, ки аз 17 то 22 марти соли 2026 баргузор гардида, ба 35-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои Шуро маълумот оид ба ҷараёни иҷрои Харитаи роҳ вобаста ба татбиқи ташаббусҳои роҳбарони ҳайатҳо дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар ин самт барои соли 2025 шуниданд.

Намояндагони доимӣ пешниҳодҳоро ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шурои сарвазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 22 майи соли 2026 дар шаҳри Ашқобод дар назар аст, муҳокима намуда, инчунин натиҷаҳои татбиқи Нақшаи дурнамои рушди заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои солҳои 2023–2025 ҷамъбаст ва марҳилаҳои минбаъдаи фаъолиятро барои давраи се соли оянда муайян карданд.

Гузашта аз ин, қарор оид ба Роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар раъйпурсии ҷумҳуриявӣ оид ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 15 марти соли 2026 доир мегардад, қабул гардид. Дар фарҷоми ҷаласа ҷониби Русия маҷмуаҳои ҳуҷҷатии «Ҷумҳуриҳо – ба фронт 1941–1945»-ро муаррифӣ намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE