Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Мунтахаби футболи электронии Тоҷикистон маротибаи аввал дар Мусобиқаи байналмилалии FIFAe Nations League, ки марҳилаи калидии интихобӣ ба қисми ниҳоии FIFAe World Cup-2026 ба ҳисоб меравад, иштирок хоҳад кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои ФИФА, 120 кишвар дар марҳилаи интихобии FIFAe -2026 иштирок менамояд. Ин шумораи рекордӣ дар таърихи мусобиқаҳои FIFAe ва бузургтарин мавсими мусобиқаҳои варзиши электронӣ дар сатҳи дастаҳои миллӣ мебошад.
Дастаи футболи электронии Тоҷикистон дар ду намуди eFootball – eFootball™ Console ва eFootball™ Mobile баромад менамояд.
Иштирок дар ҳарду категория ба беҳтарин намояндагони футболи электронии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки маҳорати худро дар саҳнаи байналмилалӣ нишон диҳанд.
Марҳилаи интихобӣ як сол давом мекунад ва аз якчанд давра иборат аст:
▪ FIFAe Nations League – мусобиқаи асосӣ барои дастаҳои миллӣ.
▪ Мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ.
▪ Қисми ниҳоии FIFAe 2026, ки дар он қавитарин дастаҳои ҷаҳон рақобат мекунанд.

