Эмомалӣ Нуралӣ бо нишони заррини Чемпионати Ҷаҳон ба Душанбе баргашт
Бегоҳи дирӯз ҷудокори ҷавону умедбахши кишвар Эмомалӣ Нуралӣ бо нишони тиллоӣ Чемпионати Ҷаҳон ба шаҳри Душанбе баргашт. Дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе намояндагони соҳаи варзиши мамлакат, наздикону пайвандон ва ҳаводорони риштаи ҷудои кишвар Эмомалиро гарму самимӣ ва хотирмон истиқбол гирифтанд.
Паз аз ин қаҳрамонӣ ҳамчунин Эмомалӣ дар таърихи ҷудои тоҷик дуюмин нишони тиллоро аз Қаҳрамониҳои ҷаҳон миёни ҷавонон ба даст овард, ки қаблан медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг октябри соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ дар Чемпионати Ҷаҳон миёни ҷавонон дар шаҳри Гуаякили Эквадор дар даври якум ҷудокори итолиёвӣ – Валерио Акколи, дар даври дуюм ҷудокори фаронсавӣ – Максим Моунданга , дар чорякниҳоӣ намоняндаи Туркия – Муҳаммад Демирел, дар даври ниманиҳоӣ ҷудокорӣ молдовӣ – Извореану Раду ва дар даври ниҳоӣ ҷудокори ӯзбек – Азизбек Ортиқовро мағлуб карда, нишони тиллоӣ зери вазни то 66 килограммро соҳиб шуда буд.