Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода бо раиси ширкати Рустоҳои ҳушманд (Smart Villages Company) Одил Дониш мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкорӣ байни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва мисриро дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ, сайёҳӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, ташкили форумҳои байналмилалии тиҷоратию сармоягузорӣ ва ғайра мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср

