Корҳои тозагӣ ва ободонӣ дар Кумитаи телевизион ва радио

Бо мақсади таъмин намудани тозагӣ, нарм кардани зери дарахтон ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тозагӣ ва ободонӣ баргузор гардид.

Ин иқдом дар доираи омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ шуда, ба баланд гардидани фарҳанги экологӣ ва нигоҳ доштани муҳити солиму озода мусоидат менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE