Роҳ ба сӯи Ҷоми Осиё -2027: 🇹🇯Тоҷикистон 🆚 Филиппин 🇵🇭
🏆
Бозии охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё–2027 миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин дар гурӯҳи «А» баргузор мегардад. Ин дидор барои тими миллии мо аҳамияти бузург дорад, зеро танҳо дар сурати ба даст овардани ғалаба ё мусовӣ, Тоҷикистон метавонад роҳхати Ҷоми Осиё–2027-ро таъмин намояд.
Вохӯрӣ рӯзи 31 март, соати 19:00, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.
Дастгирии мухлисон дар чунин лаҳзаҳои ҳалкунанда бисёр муҳим аст. Биёед бо ҳам омада, тими миллии худро ба сӯи пирӯзӣ раҳнамоӣ кунем! 🇹🇯🔥
Тоҷикистон ба пеш!!!

