Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” доир мешавад 🤼

🇹🇯 5 –уми апрели соли 2026 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ҳафтумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор мегарад.

Ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор долари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм сазовори 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE