CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд

 Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол зери роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дуюмин пирӯзии пайиҳами худро дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Узбекистон идома дорад, ба даст овард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври дуюм дастаи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуд.

Дар даври навбатӣ, 11 апрел дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоён аз Афғонистон бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози мусобиқа наврасони Тоҷикистон бар Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE