Ҷоми ҷаҳон-2022: Мунтахаби Тоҷикистон ба Япония сафар кард

Шоми дирӯз,  дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол   барои анҷом додани бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Япония  (7 июн) ва Мянма (15 июн) ба шаҳри Осакаи Япония  сафар кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев 24 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар ба шаҳри Осака омаданд. Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F»  рӯзи  7 июн бо дастаи мунтахаби  Ҷопон анҷом медиҳад. Ин рақобати ҷолиб дар варзишгоҳи «Panasonic Suita», соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бар зидди тимҳои миллии Япония  (7 июн) ва Мянма (15 июн):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»);

Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Болгария), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Муҳаммаҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳарду – «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе), Алиҷони Айнӣ (озод);

Ҳамлаварон: Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду – «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE