Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», ки ба забони форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таълиф ва нашр шудааст, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону донишмандон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аҳли илму адаб ва намояндагони соҳаи фарҳанг иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки нашри ин асар дар шинохти таъриху тамаддуни ориёӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангиву маънавии мардуми ориёитабор аҳамияти муҳим дорад. Ӯ зикр намуд, ки омӯзиши таърихи тамаддуни ориёӣ барои дарки ҷойгоҳи арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии ниёгон дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

