Филиали ДРМС дар шаҳри Душанбе (MDIS Dushanbe) фаъолияти худро дар самти рушди стратегӣ идома медиҳад.

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе (MDIS Dushanbe) фаъолияти худро дар самти рушди институционалӣ, густариши барномаҳои академӣ ва таҳкими шарикиҳои стратегӣ идома медиҳад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишкада, профессор Зайнидин Мухторов иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки айни замон Донишкада барномаҳои бакалавриат ва магистратураро дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Британияи Кабир амалӣ намуда, шумораи донишҷӯён сол ба сол афзоиш меёбад. Ҳамзамон, ҳамкорӣ бо як қатор ширкатҳои ватанӣ ва сохторҳои давлатӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбии донишҷӯён густариш меёбад.
Ба гуфтаи ректор, MDIS Душанбе минбаъд низ барои рушди таҳсилоти байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва тақвияти иқтидори кадрии кишвар саҳм мегузорад.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE