Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Сотим Улуғзода дар адабиёту фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону донишмандон, адабиётшиносон, муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоишро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Сотим Улуғзода аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти тоҷик ба шумор рафта, осори ӯ дар рушди насри тоҷик ва бозтоби муҳимтарин масъалаҳои таъриху фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хос дорад. Дар идомаи ҳамоиш масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода, хусусиятҳои осори адабӣ ва таърихии ӯ, нақши нависанда дар рушди насри тоҷик ва аҳамияти мероси ӯ барои насли имрӯз мавриди таҳлил ва баррасии муҳаққиқон қарор гирифтанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардида, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти адабӣ ва илмии Сотим Улуғзода мубодилаи афкор сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE