Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Дунёи бесадо» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ношунавоён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ, хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии рақами 5 — «Мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд» ва намояндагони муассисаҳои фарҳангиву ҳунарии кишвар иштирок намуданд.
Чорабиниро Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Аттозода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дастгирии шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилиятҳои онҳо ҷалби бештари ин қишри ҷомеа ба ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷомеа ба шумор меравад. Дар идомаи чорабини бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

