Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон…

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии шоири соҳибсабк Тулқин Хоҷа маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар он адибон, аҳли қалам ва дӯстдорони адабиёт ширкат намуда, аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии шоир ёд карданд.

Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ намуда, ба ҷойгоҳи Тулқин Хоҷа дар адабиёти муосири тоҷик ишора кард. Дар идомаи маҳфил ҳамқаламон ва шогирдони шоир роҷеъ ба хусусиятҳои эҷодиёти ӯ, ашъори равону дилнишин ва саҳмаш дар рушди адабиёт андешаронӣ намуданд.

Тулқин Хоҷа аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аз ӯ маҷмуаҳои шеърии «Шамолдара», «Озар», «Ниёиш», «Бурҷи Асад», «Захми нигоҳ» ва «Самандар» ба ёдгор мондаанд.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE