27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуда, ба сохтмони иншооти мазкур санги асос гузоштанд.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Хоруғ идомаи тадбирҳои созанда дар самти рушди низоми маориф, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.
Баъди шиносои бо лоиҳаи шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди биноҳои нав дар шаҳрҳои Хоруғу Истаравшан ва ноҳияи Восеъ санги асос гузоштанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #ВМКБ #GBAO #ГБАО

