27 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон…

27 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Ин боғи фарҳангию фароғатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми волои Модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва нақши бузурги ӯ дар тарбияи фарзандону ободии ҷомеа бунёд гардидааст. Гузоштани муҷассамаи Модар дар ин мавзеъ ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин муқаддасоти инсонӣ маҳсуб меёбад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #ВМКБ #GBAO #ГБАО

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE