Имрӯз дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe…
Имрӯз дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмуриятҳои алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМА) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба иттилоотонӣ назди ИМА баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои соҳавӣ ва коршиносони кишварҳои минтақа масъалаҳои муҳими рушди соҳаи алоқа, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонӣ ва густариши ҳамкории минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) оид ба рушд барои минтақаи ИДМ низ ҷараён гирифта, иштирокчиён доир ба татбиқи технологияҳои муосир, рушди инфрасохтори рақамӣ, амнияти иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамӣ мубодилаи афкор карданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории давлатҳои минтақа, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи алоқа мусоидат менамояд.

