Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»…

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши сулҳофарии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва суботи ҷаҳон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои давлатӣ, аҳли илму маориф ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.
Ҳамоишро раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи сулҳу ризояти миллии Тоҷикистон» Латофат Шарипова ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барои рушди устувори ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ заминаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон, ки дар натиҷаи музокирот ва талошҳои пайгиронаи ҷонибҳои мухталиф ба даст омадааст, имрӯз ҳамчун таҷрибаи арзишманд дар самти ҳалли осоиштаи низоъҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE