ОМӮЗИШИ МАВОД ВА ГУЗОРИШҲОИ СОҲАВӢ…

ОМӮЗИШИ МАВОД ВА ГУЗОРИШҲОИ СОҲАВӢ
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тибқи нақшаи корӣ барои рӯзноманигорон ва муҳаррироне, ки ба таҳияи мавод ва гузоришу барномаҳои соҳаи тандурустӣ сару кор доранд, машғулияти омӯзиширо доир намуд.
Машғулият ҳамарӯза аз 28 сентябр то 09 октябр дар толорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, вобаста ба ҳар самти омӯзиш мутахассисони соҳа ҷалб ва тибқи барномаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён омӯзиш мегузаронанд.

Гулрухсор Талбова
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE