Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва 35 соли Истиқлол»баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарону кормандони вазорату идораҳо, олимон, пажӯҳишгарон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, нақши забони давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеаи муосирро баррасӣ карданд.
Конференсияро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АМИТ Саҳидод Раҳматуллозода ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ ифтихори миллати ориёнтабор»маърӯза кард. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати забони давлатӣ таҳким ёфта, барои рушди ҳамаҷонибаи он заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён оид ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ, такмили истилоҳот ва таҳкими фарҳанги забондонӣ мубодилаи афкор намуданд.

