Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд…

Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд

Имрӯз дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минтақаи сайёҳии миллии «Аваза»-и Туркманистон Намоишгоҳи дастовардҳои миллии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Павилиони миллии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 39 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ ва нақшу санъати миллӣ ташкил карда шуд. Дар он иқтидори иқтисодию тиҷоратии миллӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, молу маҳсулоти ватанӣ дар самтҳои саноат, аз ҷумла саноати мошинсозӣ, кӯҳкорӣ ва истихроҷи маъдан, маҳсулоти хӯрокворӣ ва обҳои ташнагишикан, маҳсулоти коркардшуда, хушкмева ва асал, нассоҷӣ, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва сабз, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти миллӣ муаррифӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE