Лигаи Чемпионҳо: «Порту» дастаи «Ювентус»-ро аз идомаи мусобиқа берун кард

Шоми дирӯз дар доираи бозиҳои ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Ювентус” ва “Порту” вориди майдон шуданд.

Ин сабқат дар варзишгоҳи «Алянс – Ювентус» – и шаҳри Турин баргузор шуда, бо натиҷаи 3:2 ба фоидаи тими итолиёвӣ хотима ёфт. Дар дақиқаи 19-уми дидор Мигел Оливейра аз ҷониби меҳмонон бо иҷрои зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисобро боз кард.

Дар дақиқаҳои 49 ва 63-юм бошад ҳамлагари дастаи «Ювентус» Федерико Кйеза ҷавобан ду гол зада ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Новобаста ба он, ки футболбозони “Порту” аз дақиқаи 54 рақобатро 10 – нафара идома доданд, онҳо тавонистанд, ки то охири вақти асосии бозӣ ҳамин натиҷаро нигоҳ доранд.

Бо дарназардошти натиҷаи бозии аввал, ки дар Португалия бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими «Порту» анҷом ёфта буд, довар барои муайян кардани ғолиби ин ҷуфт 30 дақиқа вақти иловагӣ таъин намуд. Дар ин фурсат ҳарду даста имкон ёфтанд, ки ба дарвозаи якдигар як голӣ ба самар расонанд. Нахуст дар дақиқаи 115-ум Мигел Оливейра тавонист, ки бо зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи дур голи дуюмро зада, ҳисобро баробар кунад.

Ду дақиқа баъди он Адриен Рабйо аз дастаи «Ювентус» дубора ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард, аммо ин барои ба даври дигар гузаштани шогирдони Пирло кӯмак карда натавонист, зеро ҳисоби умумии бозиҳо 4:4 шуда бошад ҳам, бо назардошти бартарияти голҳои дар сафар ба ҳадафрасонида, бозингарони “Порту” ба чорякфинал роҳ ёфтанд.

Бахтиёр ЗОИРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE