Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон

9 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима намуданд.

Бо дарназардошти чорабиниҳои дарпешистодаи имсола, ҷонибҳо оид ба ташкили чорабиниҳо дар сатҳҳои баланд ва олӣ, аз ҷумла дар доираи ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, нишастҳои СААД ва СҲШ мубодилаи афкор карданд. Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мухриддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Р. Казкбоевро барои иштирок дар Конфронси IX вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истамбул», ки қарор аст 30 марти соли 2021 дар Душанбе доир мешавад, даъват намуд.

Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ диққати махсус дода шуд. Вазирон аҳамияти истифодаи пурраи иқтидори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин иҷрои уҳдадориҳои қаблан ба зимма гирифтаи тарафҳоро, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои марзиро таъмин менамояд, таъкид карданд,.

Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ инчунин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ намуданд. Дар ин робита, Сироҷиддини Муҳриддин зарурати истифодаи неруи васеи транзитии ҷонибҳо, аз ҷумла додани мақоми байналмилалиро ба гузаргоҳи “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон зикр намуд.

Бо мақсади густариш ва таъмиқи бештари муносибатҳои дуҷониба пешниҳод карда шуд, ки масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо, инчунин гузаронидани машваратҳо дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон соли 2021 матраҳ гардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE