Донишгоҳҳои Россия дарҳояшонро ба рӯи донишҷӯёни хориҷӣ кушоданд

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд. Аз ин ба баъд, донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд дар шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимии олии Россия таҳсилоташонро идома диҳанд.

Донишҷӯён ҳангоми омадан ба Россия бояд маълумотномаи тиббиро пешниҳод созанд. Онҳо бояд 72 соат қабл аз воридшавӣ ба Федератсияи Россия аз ташхис гузаранд, то мубталои бемории коронавирус набуданашон собит шавад.

Баъди вуруд донишҷӯён бори дигар аз ташхис гузашта, то муайян гаштани натиҷаи он ба карантин фиристода мешаванд, – гуфт сардори минтақавии Хадамоти росподнадзор оид ба вилояти Москва дар фурудгоҳи Шереметево Сергей Калинин.

Гуфта мешавад, ки айни замон 300 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ аз таҳсил дар Россия дур мондаанд.

Неъмат ДАВЛАТОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE