Тақвияти ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ миёни Тоҷикистону Беларус

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Беларус оид ба масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки ба таври маҷозӣ доир гардид, таҳкими ҳамкории ду кишвар дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ матраҳ шуд.

Ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Беларус масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, мубодилаи рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои солҳои 2021 ва 2022 ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо дахли мубодилаи маълумот оид ба нишондиҳандаҳои омории боркашонӣ дар соли 2020 ва 2 моҳи имсол зикр гардид, ки минбаъд ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва содагардонии раванди ҳамлу нақли бор корҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE