Ҷоми Ҷаҳон-2022: иҷозати иштироки мухлисон дар бозии дастаҳои Тоҷикистону Муғулистон
Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад. Бозии мазкур рӯзи панҷшанбе, 25 март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шудааст. Бояд зикр кард, ки бо мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро барои рақобат зидди дастаи мунтахаби Муғулистон 19 март дар шаҳри Душанбе оғоз мекунад.