ДАР ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии давлатдории миллӣ ва эҳёгари фарҳангу тамаддун» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои ҳизбӣ, кормандони соҳаи телевизион ва радио, фаъолон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш иштирокдорон доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аҳамияти муҳим дорад.

