Дар Душанбе намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид…
Дар Душанбе намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи «Dushanbe EXPO» намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2026» ба кори худ оғоз намуд.
Дар намоишгоҳ намояндагони ҳашт давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок доранд.
Намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2026» аз 12 то 14 ноябр дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи «Dushanbe EXPO» идома ёфта, барои муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ, маҳсулот ва рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ замина фароҳам меорад.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

