ДАР «ТОҶИКФИЛМ» БАХШИДА БА НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ «ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ» НИШАСТИ ХАБАРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР «ТОҶИКФИЛМ» БАХШИДА БА НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ «ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ» НИШАСТИ ХАБАРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба нахустнамоиши филми бадеии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Зимни нишаст масъулон ва намояндагони соҳаи синамо оид ба мазмуну муҳтавои филм, раванди таҳияи он ва аҳаммияти таърихию фарҳангии асари мазкур маълумот пешниҳод намуданд.

Филм ба зиндагӣ ва пайванди маънавию эҷодии ду чеҳраи барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик ва ӯзбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст.

Асари мазкур дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамбастагии фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбекро инъикос намуда, нақши адабиётро дар таҳкими робитаҳои маънавию фарҳангӣ таҷассум мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE