НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ПЕШ АЗ МУҲЛАТ, ПУРРА ИҶРО ГАРДИД АСТ…
НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ПЕШ АЗ МУҲЛАТ, ПУРРА ИҶРО ГАРДИД АСТ
“Ба санаи 15 – уми ноябри соли 2026, нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 – 2008 – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат пурра иҷро шуд.
Тавре аз ташкилу баргузории чорабиниҳои рӯзи аввали даъват ва натиҷаҳои назарраси он маълум аст, бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ нахустин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра иҷро намуданд.
Ҳамчунин шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз аввалинҳо шуда, нақшаи муқаррагардидаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро иҷро карданд”- навиштааст, саҳифаи расмии Вазорати дифои кишвар.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳар сол ду маротиба — дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ баргузор мешавад. Маъракаи даъвати баҳорӣ моҳҳои апрел–май ва даъвати тирамоҳӣ моҳҳои октябр–ноябр сурат мегирад.

