ДАР ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ЗАНОНУ БОНУВОН БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ЗАНОНУ БОНУВОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии занону бонувон таҳти унвони «Парчам — роҳнамои ояндаи босаодат» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади гиромидошти яке аз муқаддасоти миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус насли ҷавон, баргузор карда шуд.
Зимни ҳамоиш иштирокдорон доир ба мақому манзалати Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳувияти миллии мардуми Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ дар таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат нақши муҳим дорад.

