21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Намоишгоҳ, ки бо тарҳи ҷолибу диданӣ ороста гардида буд, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули заҳмати пайвастаи деҳқонону кишоварзон ва ҳунари волои занону кадбонуҳои ноҳияро ба таври возеҳ инъикос мекард.
Дар он маҳсули меҳнати ризқофарони ноҳия аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консерва, полезӣ, ғалладонагию лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар маъраз буд. Ин неъматҳо натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, обу ҳавои мусоид, заминҳои ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат буда, аз таҷрибаи ғании кишоварзони ноҳия шаҳодат медиҳанд.

