ИФТИТОҲИ САРДХОНА БАРОИ 500 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН…

ИФТИТОҲИ САРДХОНА БАРОИ 500 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сардхона барои нигоҳдории 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ва таъмини шароити хуби корӣ барои кормандон бунёд гардидааст.
Барои сохтмони сардхона қитъаи замини масоҳаташ 1600 метри мураббаъ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз ёфта, соли 2026 ба анҷом расонида шудаанд.
Сардхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои нигоҳдории ҳамзамони то 500 тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, пешбинӣ шудааст. Маҳсулот дар таҳхона ва ошёнаи якуми бино нигоҳдорӣ карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE