Афғонистон: Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахор кушта шуд

Сухангӯи полиси вилояти Тахори Афғонистон Халил Асир 31 март иттилоъ додааст, ки Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Толуқон ҳангоми таркиши минаи магнитӣ дар автомашинааш кушта шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии радиои “Садои Душанбе” бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com. Вай афзуд, ки ин ҳодиса тақрибан соати 13.30 дар чорроҳаи дуввуми шаҳри Толуқон рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш се нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE