Месси баъд аз 36-сол Аргентинаро маротибаи сеюм қаҳрамони ҷаҳон кард
Дишаб аҳолии сайёра шоҳиди финали таърихии Ҷоми ҷаҳони Қатар гардид. Пас аз интизориҳои зиёд Месси баъд аз 36 сол Аргентинаро маротибаи сеюм қаҳрамони ҷаҳон сохт. Шарҳи бештар дар пешниҳоди Шодонҷон Султонов
Варзишгоҳи Лусаил дигарбори мизбони дидори ниҳоӣ ва таърихии Ҷоми ҷаҳони Қатар гардид. Ду мунтахаби пурқувати сайера Аргентина ва Фаронса барои унвони қаҳрамонӣ ба ҳам омаданд. Аз оғози сабқат бартарӣ ба нафъи мунтахаби Аргентина буд. Ҳамин гуна ҳам шуд. Пас аз қоидаситезие, ки дар дақиқаи 23-юм дар назди ҷаримагоҳи Фаронса ба амал омад довар ба дарвозаи онҳо пеналти таъин кард. Месси бидуни иштибоҳ ҳисоби дидорро кушода Аргентинаро ба пеш баровард. Дар идома ҳамлаҳои аргентиниҳо бештар гардид. Ҳамин боис бар он шуд, ки бо як ҳамлаи нишонрас дар дақиқаи 36-ум Анхел Димария дарвозабони Фаронсаро водор сохт то тӯбро аз дохили дарвозааш гирад. Ҳисоб 2:0 ва бо ҳамин натиҷа қисми аввал поён ёфт.
Дар нимаи дуюм бози оромтар сурат гирифт. Ин боис бар он шуд, ки фаронсавиҳо идораи тубро бар дӯш гиранд. Бо як қоидаситезие, ки дар дақиқаи 80-ум ба миён омад довар ба дарвозаи Аргентина пеналти таъин кард. Нобиғаи насли нави футбол Мбаппе ҳисобро тағйир дода умеди фаронсавиҳоро барои пирӯзӣ ба миён овард. Ин ҳолат таъсири манфи ба рӯҳияи футболбозони Аргентина гузошту баъд аз 1 дақиқа дигарбора Мбаппе голи дуюми Фаронсаро ба самар расонд. Ҳисоб 2:2.
Бо ҳамин натиҷа қисми дуюм хотима ёфту довар қисми иловаги таъин намуд.
Дар нимаи аввали қисми иловагии 15-дақиқа ё худ овертайм як ҳамлаи аргентиниҳо кор доду Месси дар дақиқаи 108-ум дигарбора муаллифи голи таърихи шуд. Ҳисоб 3:2. Аммо то ба анҷоми сабқат ва қаҳрамонии Аргентиниҳо ду дақиқа боқӣ монда буд, ки як иштибоҳи Монтиел боис бар он гардид, то довар ба дарвозаи Аргентина дигарбора пеналти таъин намояд. Бозам Мбаппе ҳисобро баробар карду бозиро ба силсилазарбаҳои 11-метра бурда расонд.
Дар иҷрои пеналти таҷрибаи футболбозони аргентинӣ бой буд. Иштибоҳи Диде Дешам сармурабии мунтахаби Фаронса, ки чанде аз футболбозони калиди ба мисли Жиру, Гризман, Дембелро аз майдон гирифту ба ҷояшон футболбозони камтаҷрибаро баровард боис бар он шуд, ки онҳо дар задани пеналти ноком гарданд.
Аз ҷумла Коман ва Тчуамени дар задани пеналти иштибоҳ карданду қаҳрамониро ба Аргентина тӯҳфа намуданд.
Бо ҳамин Месси баъд аз 36-сол Аргентинаро маротибаи сеюм қаҳрамон сохт.
Нақши ин нобиғаи футбол дар қаҳрамонии Аргентина басо назаррас мебошад. Чун тамоми сайёра ба ӯ бовар дошт, ки имшаб ин нобиға таърихро дигарбора менависад.
Ҳамчунин Месси беҳтарин бозингари Ҷоми ҷаҳони Қатар унвон шуд, ки ин дастоварди таърихии ӯ ба шумор меравад.
Эмилиано Мартинес дарвозабони Аргентина беҳтарин дарвозабони Ҷоми Ҷаҳон , Энтсо Фернандес футболбози беҳамтои Аргентина беҳтарин бозигари ҷавони Ҷоми Ҷаҳон ва Килиан Мбаппе нобиғаи насли нави футбол беҳтарин нишонзани Ҷоми Ҷаҳон дониста шуд.
Шодонҷон Султонов
Садои Душанбе