Конфронси сулҳи Афғонистон дар Истанбул: Ғанӣ ҷонибдору “Толибон” зид
Қарор аст Туркия рӯзи 16 апрел конфронси байналмиллалиро вобаста ба сулҳи Афғонистон мизбонӣ намояд. Ҳукумати Афғонистон аз ширкати ҳайаташ дар ин чорабинии сатҳи баланд хабар дода, “Толибон” дафъатан шартҳои худро пеш гузоштанд. Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, мардуми Афғонистон ва ҷахон аз ин ҳамоиши Истамбул дар роҳи расидан ба сулҳи сартосарӣ дар Афғонистон пешрафти чашмрасро интизоранд.
Дар остонаи баргузории ин конфронс ҳаракати дар кишвари мо мамнӯи “Толибон” изҳор доштанд, ки ҳанӯз барои ширкат дар он омода нестанд. Онҳо шарт гузоштаанд, ки то тамоми неруҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон берун бароварда нашаванд, дар ҳеҷ гуна ҳамоише ширкат нахоҳанд кард. Дар ин бора, сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” Муҳаммад Наим изҳороти ҳаракатро расонаӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки конфронси Истамбул бо ташаббуси ИМА роҳандозӣ гардида, дар назар аст дар он намояндагони ҳукумати Афғонистон, гуруҳи “Толибон”, қудратҳои минтақавӣ, аз ҷумла Покистон, Эрон, Ҳинд, Чин ва Русия иштирок намоянд. Дар ҳоли ҳозир Вашингтон ва Кобул барои баргузории ин конфронс омодагӣ мегиранд.
Дар робита ба ин, дирӯз Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо “раванди сулҳи ҷорӣ, музокироти сулҳи дарпешистода дар Туркия” – ро баррасӣ карданд. Ашраф Ғанӣ нақшаи истиқрори сулҳро пешниҳод кард, ки иборат аз се марҳила ва баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат мебошад.
Дар пасманзари ин конфронс Роҳбари Шӯрои олии оштии миллии Афгонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мусоҳиба бо РИА “Новости” гуфтааст, ки ҳайати Шӯро ният доранд дар ин конфронс ширкат варзанд. Онҳо зиёда аз бист пешниҳод, аз ҷумла нақшаи сарвари давлатро баррасӣ карда, як лоиҳаи нақшаи сулҳро омода кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ноиби дувуми Президенти Афғонистон Муҳаммад Сарвар Дониш зидди нақшаи пешниҳодкардаи Шӯро баромад карда, гуфт, ки ӯ пешниҳодҳои Ашраф Ғаниро ба назар намегирад.
Муовини собиқи президент Муҳаммад Юнус Қонунӣ, ки раиси Кумитаи нақшаи сулҳ буд, ба танқиди Дониш посух дода гуфт, дар барномаи Шӯро ду роҳи мусолиҳа пешбинӣ шудааст: баргузории овоздиҳии пеш аз мӯҳлат (тавре ки Ашраф Ғанӣ пешниҳод кардааст) ва ташкили ҳукумати муваққатӣ (агар “Толибон” ба интихобот розӣ нашаванд). Дар ҳамин ҳол, Шабакаи телевизионии “Тулуъ Нюс” бо такя ба намояндаи дафтари сиёсии “Толибон” дар Қатар Муҳаммад Наим гузориш дода, гуфтааст, “Толибон” як гурӯҳи музокиракунандаро барои ширкат дар конфронси Афғонистон таъйин кардаанд.
Қаблан, дар Маскав конфронси “сегона” -и васеъ оид ба ҳалли масъалаҳои Афғонистон бо ширкати кишвархои Русия, ИМА, Чин, Покистон ва ҷонибҳои афғон баргузор шуда буд, ки намояндаи Қатар дар гуфтушунидҳои сулҳи байни афғонҳо дар ин ҳамоиш ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок карда буд. Дар натиҷаи конфронси Маскав, изҳороте қабул карда шуд, ки дар он сегонаи васеъ аз тамоми нерӯҳои Афғонистон даъват ба амал овардаанд, ки сатҳи хушунат дар ин кишварро коҳиш диҳанд ва “Толибон” аз накшаи ҳуҷуми баҳорӣ худдорӣ кунанд. Ғайр аз ин, кишварҳо аз нерӯҳои афғон даъват карданд, ки ҳарчи зудтар ба гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои тахкими ҳалли муноқиша, аз ҷумла муҳтавои рохи сиёсӣ он икдом кунанд.
Дар остонаи ҳамоиши Истамбул оид ба сулҳ дар Афғонистон президенти ИМА Ҷо Байден қарор кардааст, ки нерӯҳояи Амрикоро аз Афғонистон қабл аз 11 сентябр берун барад ва мӯҳлати мувофиқашудаи маъмурияти қаблии 1 майро ба таъхир гузорад,- гуфтааст як мақоми баландпояи маъмурияти ИМА ба хабарнигорон.
Дар пасманзаи эълони хуруҷи пурраи нерӯҳо ИМА аз Афғонистон то 11 сентябр, Бритониёи Кабир низ тасмим гиритааст, ки тақрибан тамоми кисмхои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кунад, менависад рӯзномаи “Times”. Ҳоло 750 сарбози бритониягӣ дар Афғонистон боқӣ мондаанд.
Тибқи иттилои манбаъҳои рӯзнома, онҳо бе дастгирии Амрико душворӣ хоханд кашид, зеро онхо дар ин набард ба пойгоҳҳо ва инфрасохтори ИМА такя мекунанд. Британияи Кабир метавонад назорати академияи Кобулро, ки артиши он сарбозони афғонро таълим медиҳад, ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон гузорад, менависад рӯзнома.
ИМА, ки соли гузашта бо Толибон созиши сулҳ имзо кард, дар талоши он аст, ки аз роҳи муколамаи ин гурӯҳ бо ҳукумати Афғонистон ба даҳсолаҳои ҷанг дар ин кишвар хотима гузошта шавад.
Тоҷиддин САТТОРОВ,
“Садои Душанбе”