Турашоҳ Сайфудинов: ягона роҳи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ваксина мебошад
Ҳукумати мамлакати мо аз рӯи фармудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – “Саломатӣ гавҳари ноёб аст” амал намуда, ба масъалаи ҳифзи саломатии сокинони кишвар диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Чунончӣ, дар рӯзҳои вазнини доман паҳн кардани бемории каронавирус дар ҷаҳон, ҷиҳати таъмини солимии сокинони мамлакат аз тамоми имконияти мавҷуда истифода намуд.
Дар доираи ин иқдоми наҷиб ва бо талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати ваксинакунонии ҷомеаи мамлакат бар зидди бемории Ковид-19 дар чаҳорчуби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои ташкилотҳои умумиҷаҳонии тандурустӣ бар зидди бемории Ковид-19 ваксинаи ширкати британиягӣ Оксфорд Астразенека, ки тибқи иҷозатномаи он дар пажуҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндӯстон истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон ба масъалаи ваксинакунонӣ алайҳи бемории Ковид-19 диққати махсус дода мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт кӯшиш дорад. Ҷомеаи Тоҷикистон ва дар умум сайёра огоҳ ҳастанд, ки маҳз ваксинакунони боиси аз байн рафтани бемориҳои гӯшношунид мегардад, ки таи садсолаи охир боиси ҳалокати одамони зиёд гаштааст. Имрӯз низ ҷаҳон бо бемории наве бо номи каронавируси Ковид-19 дар ҳоли бархурд қарор дорад ва хушбахтона маҳз бо қобилияти зеҳнии инсоният ваксина ва ё позаҳр дар муқобили ин бемори ихтироъ шуд ва умед дорем, ки башарият ба зуди дар муқобили бемории мазкур пируз мегардад.
Дар мавриди манфиати эмкунӣ Турашоҳ Сайфуддинов, муовини директори генералии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии имунопрофилактик, мегӯяд, ваксина ба монанди ваксинаҳои дигаре, ки дар ҷаҳон истеҳсолшудаанд, ду маротиба дар муҳлати муайян гузаронида мешавад.
Турашоҳ Сайфудинов, муовини директори генералии Муасисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии имунопрофилактика, мегӯяд, мо бояд дарк намоем, ки ваксина зидди ҳамагуна бемориҳо позаҳр аст ва ягона роҳи сиҳатӣ ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ин истифодаи ваксина мебшад.
Умедаи САНГАЛӢ,
“Садои Душанбе”