Ворух: Сохтмони таваллудхона бо тарҳи замонавӣ оғоз гардид

Дар Ҷамоати деҳоти Ворух сохтмони таваллудхона бо тарҳи замонавӣ ва шароити хуб барои 20 кати хоб оғоз гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи корҳои сохтмони  таваллудхона раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иброз дошт, ки бунёди таваллудхонаи мазкур дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст. Интизор меравад, ки таваллудхона дар кӯтоҳтарин фурсат ба истифода дода шавад.

Таъкид гардид, ки бо бунёду таъмири иншооти гуногунии хоҷагии халқ симои деҳоту шаҳрак ва маркази шаҳр дигаргун шуда, барои сокинон ҷойҳои иловагии корӣ таъсис меёбанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳру деҳоти Исфара таҳти шиори «1300 рӯзи меҳнати зарбдор- ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои шоиста роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамзамон баҳри таҷлили шоистаи ин ҷашни таърихӣ дар шаҳру деҳоти Исфара бунёду барқароркунӣ ва таъмиру тармими 474 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то  имрӯз 435 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE