Мавҷе, ки қалбҳоро тасхир кард

“Очаҷон, хоки Ватан омад”, – гӯён кӯдакони маъсум шодикунон бозиро як тараф гузошта, давида аз омаданам хабар медоданд. Кӯдакон ҳам дар он айёми беғаши бачагӣ маъюс буданд. Худованд он рӯзҳоро дигар бар сари ҳеҷ фарзанди одам наёрад, бо таассуф мухбири радиои “Тоҷикистон” Тоҳир Розиқов аз он лаҳзаҳои талх қисса карду чашмонаш ашк гирифт …

Ҳамчунин илова кард, ки “бародар аз бародар фирор дошт. Гузаштан аз дарёи хурӯшон, ки (он замон чунин пулҳо набуданд) монанди рафтан ба даҳони аждаҳоро дошт, дигар тарсе намеовард. Акнун миёни ду фарзанди падар, волидайну ҷигаргӯшаҳо марз буд, марзи тоҷику афғон. Бародар аз бародар тарс дошт. Кишвар бе соҳиб… Мардуми тоҷик имтиҳони сангинеро аз сар мегузаронид.

Ниҳоят иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ баргузор гашт ва ақли солим ғолиб омад. Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъин шуданд. Аввалин ваъдаашон ҳамин буд, ки то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонанд худро ҳамчун роҳбар ором эҳсос намекунанд. Ин гуфтаҳо ба қалби мардум умед бахшид. Акнун роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷадидеро ба ин хотир таъсис дод. Он замон роҳбарии ин Кумитаро Бобоҷон Икромов бар уҳда дошт.

Мардуми фирорӣ муштоқи дидори Ватан ва дар орзуи як каф хоки он буданд, аммо тарс ва нобоварӣ ба якдигар ҷойи меҳру муҳаббатро гирифта буд. Бовар кунонидани мардум осон набуд ва ҳар касро бовар ҳам намекарданд, ҳатто ба наздикони худ.

Аввалин нашри барномаи “Хоки Ватан” 25-уми марти соли 1993 соати 6:15 дақиқа ва такроран соати 13:15 дақиқа бо садои дилнишину таъсирбахши ровии шинохтаи кишвар устод Абдурашид Хӯҷамқулов бо ин шеъри муассир пахш гардид:

 

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.

 

Дар аввал мардум ба Кумитаи телевизион ва радио омада, пайвандону наздикони худро даъват мекарданд. Пасон дар минтақаҳо барномаи мазкур сабт гашт. Акнун, мардуми фирории тоҷик дар хоки Афғонистон омода буданд, ки дороии худро фурӯшанду радио бихаранд. Радио он замон ҳамнафаси фирориён буд. Шабу рӯз назди радио буданд, ки аз Ватан чӣ садое мешунида бошанд, бесаброна даъвати пайвандону наздикони худро интизорӣ мекашиданд.

Он замон 28 – сола будам. Шароит набуд, пиёда роҳҳои тӯлониро тай карда, миёни мардум сабти барнома мекардем ва дар баъзе ҳолатҳо якҷоя бо ҳамкорамон Аюби Хоҷамқул пайи иҷрои фаъолият будем. Чун шунидам, ки аксари фирориёни тоҷик дар хоки Афғонистон аз оне, ки дар ин барнома кор мекунам, маро ғоибона мешиносанд ва ҳамарӯза дар ҳаққам дуои нек мекунанд, ин гуфтаҳо маро рӯҳбаланд кард. Кӯшиш мекардам, ки боз ҳам бештар хизмати мардум намоям…

Дар гуфторҳо шахсиятҳои шинохта ва ҳунармандони маъруфро истифода мекардем. Маҳз ҳамин қудрати сухан буд, ки мардуми парешони моро дигарбора боз ба ҳам овард. Он замон кор ниҳоят душвор буд ва силоҳбадастон ҳокими давр буданд. Ба минтақаҳо сафар мекардем, маълум набуд, ки кӣ дӯст асту, кӣ душман. Бо худ доиман ҳуҷҷат доштем, мабодо ҷасадамон бенишон намонад.

«Ман сокини ноҳияи Шаҳритуз, кӯчаи Чкаловск Давлатнисо Шоҳинбекова. Аз Шумо кормандони Радиои Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки салому пайғоми маро ба фарзанди азизам Хайриддинҷон, ки ҳоло дар хоки Афғонистон мебошад, расонед. Хайриддинҷон, чаро Шумо модаратонро ин қадар дар азоб мемонед? Ана акаат Аҳлиддин сиҳату саломат дар паҳлӯи ман мебошад. Аз ту хоҳиш менамоям, ки ҳарчи тезтар ҳамроҳи бибӣ ва амакҳоят ба Ватан баргард».

«Ман Хоҷаева Саломатхон, сокини колхози «Ҳақиқат» – и ноҳияи Вахш. Ассалому алейкум бародарам Ҳусейнҷон, бо аҳли оилаат Сабоҳат, духтарчаҳоят Шарофат, Мадина, Шафоат. Шунидем, ки писарчадор шудаӣ, муборак бошад! Бо аҳли оилаат ба Ватанбаргард, Худоро шукр дунё тинҷиву амонист.! Ҳусейнҷон, бародарат Эҳсонхӯҷаро низ гирифтабиёр. Аз номи ҳама ба Шумо саломи гарму ҷӯшон. Ҳамаи он ғарибафтодагоне, ки дар мулки Афғонистон зиндагӣ мекунед ба Ватан баргардед”.

Суханони пур аз эҳсоси ватандӯстӣ дар чунин лаҳзаҳо ба рӯҳу равони ҳар ҳамдиёри дур аз Ватан бетъсир намонд. Баъд аз таҳияи силсилабарномаи «Хоки Ватан» гурӯҳ – гурӯҳ фирориён аз хориҷ, хусусан аз хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Покистон, Ӯзбекистону Эрон ва Русия бармегаштанд.

Ҳамарӯза ба унвонии барнома сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳатто аз давлатҳои хориҷа нома менавиштанд ва зангҳои телефонӣ мешуд. Дар ин ҳама навиштаву гуфтаҳо азобу машаққат, дурӣ ва беному нишон гардидани пайвандон ва баъзан ҳолат ба дидори ҳам расидани мардум инъикос меёфтанд.

Дар нашри барнома рафти корҳои барқароркунӣ инъикос мешуданд, то умеди мардуми фирорӣ барои ба Ватан омадан бештар шавад. Таҳиягарони барнома акнун аз ҷойи воқеа, ба хусус аз минтақаи Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), ки осебпазир буд, бештар барномаҳо омода мекарданд.

“Ҳар рӯзи ман ғаму дард буд. Ҳар рӯзи ман як қисса буд, қиссаи талх. Вақте медидам, ки падару модаре умраш ба ҷое расидаасту аз фироқи дурии фарзанд азоб дорад, гуларӯсе ҳамагӣ чанд моҳ қабл оиладор шудаву дар ёди маҳбубааш ҳаст ва ё кӯдаке аз волидони худ бо амри қисмат ҷудо гаштаву дар кӯчаи зиндагӣ ҳайрону зор, ростӣ дидани ин манзараҳо маъюсу дилозурдаам менамуд. Садои он рӯзҳо ҳанӯз ҳам ба гӯшам мерасад ….”, – ба ёд меорад ӯ.

Дар таҳия ва пахши барномаи «Хоки Ватан» журналистону коргардонҳо, аз ҷумла Абдурашид Хӯҷамқулов, Сурайёи Шуҷоат, Шарифи Мирсайидзод, Сафаралӣ Нозимов, Сафаргул Олимӣ, Бурҳон Раҳмонов, Аюби Хӯҷамқул ва чанде дигарон саҳми муносиб доштанд. Ҳамчунин, дар омода намудани барномаи мазкур барои шунавандагони бурунмарзӣ Б. Раҳмонова А. Таваллоев заҳмат мекашиданд”, – ёдоварӣ намуд Тоҳир Розиқов, мухбири барномаҳои иттилоотии Радиои “Тоҷикистон”.

Ҳарчанд аз он давр солҳо сипарӣ гардида бошад ҳам, ҳанӯз дар зеҳни мардуми кишвар, хосса онҳое, ки заҳри ҷанги шаҳрвандӣ ва ғурбатро чашидаанд, хотираҳои талх боқист. Дар воқеъ, саҳми барномаи «Хоки Ватан» дар муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик ва расидан ба ормонҳои миллӣ беназир аст.

Расонаи он замон дастрас радио буд. Радиои “Тоҷикистон” махсусан тариқи барномаи “Хоки Ватан” дар қалби мардум маъво дорад ва он замон рисолати аслии худро назди давлату миллати худ муваффақона анҷом дода тавонист.

Маҳмадалӣ АКРАМОВ,

Сангинмурод ШАРИФОВ,

бознашр аз рӯзномаи “Ҳамрози халқ”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE