Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: аз 14-ум то 17-уми май боронҳои пуршиддат ва хавфи омадани сел

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 14 то 17 май бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери  об мондани  соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикасту рехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ дар соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироате, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо Кумита аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, хоҳиш мекунад шабонгоҳон ҳаракат дар чунин роҳҳоро маҳдуд кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро низ ҷиддан риоя намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинон тавсия медиҳад, ки аз фурсати мусоид истифода намуда, селроҳаро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE