Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуданд. Пешвои миллат фаъолияти бисёрсолаи самарабахши давлатии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро, ки боиси эҳтироми баланд ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ гардидааст, бахусус қайд карданд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлати Қазоқистон ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сиғаи шарикии стратегӣ бомаром рушд меёбанд, таъкид гардид.
Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи рӯзномаи музокироти қарибулвуқӯи сатҳи олии ҷонибҳо дар шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон омили густариши минбаъда ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ба ҳам бародарро ташкил хоҳанд дод.