Аз 21 май то 30 июн Бозиҳои варзишии Тоҷикистон гузаронида мешавад

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21 май то 30 июн Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон баскетбол, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гӯштингирӣ, гӯштини варзишӣ (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ), камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таэквондо, ҳандбол, ҷудо ва шиноварӣ ворид карда шудаанд.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 22 май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз шуда, ду рӯз идома меёбанд. Сипас, 1-2 июн баргузории мусобиқаи гӯштингирӣ, 3-4 июн мусобиқаҳои гӯштини юнонӣ-римӣ ва каратэ, 5-6 июн мусобиқаи шиноварӣ, 7-8 июн мусобиқаи гӯштини тарзи озод, 9-10 июн мусобиқаҳои ҷудо ва таэквондо, 10-14 июн сабқати волейбол миёни бонувон, 11-12 июн мусобиқаи самбо, 12-13 июн мусобиқаи вазнбардорӣ, 13-17 июн мусобиқаи ҳандбол, 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ дар назар дошта шудааст.

Ба ғайр аз мусобиқаи вазнбардорӣ, камонварӣ ва волейбол миёни бонувон боқимондаи мусобиқаҳо дар пойтахт – шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Баргузории мусобиқаи вазнбардорӣ дар шаҳри Кӯлоб, волейболи бонувон дар шаҳри Хоруғ ва мусобиқаи камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE