Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи телевизион ва радио як қатор мусобиқаҳои варзишӣ доир шуданд

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  миёни сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, футболи хурд ва волейбол мусобиқот баргузор гардиданд. Сабқатҳо миёни  кормандони сохторҳои кумита ба таври даставӣ ва инфиродӣ сурат гирифтанд.

Баъд аз қувваозмоиҳои дурӯза дар намуди шоҳмот мақоми аввалро корманди дастгоҳи марказии кумита Холмаҳмади Дӯст соҳиб гашт. Миёни шашкабозон ҷойи якуми ифтихориро наворбардори Телевизиони Тоҷикистон Собири Абдурозиқ соҳиб шуд. Дар мусобиқаи теннисбозӣ ҷойи якум насиби корманди ТВ «Варзиш» Фирӯз Бахтибеков гашт. Ҳамин тавр, натиҷаҳои даставӣ низ дар мусобиқаҳо ҷамъбаст шуданд.

Дастаи дастгоҳи марказии кумита дар шоҳмот, Телевизиони «Тоҷикистон» дар шашка ва ТВ «Варзиш»  дар тенниси рӯи миз дар садри мақомҳои ифтихорӣ қарор гирифтанд.

Волейболбозони Радиои Тоҷикистон ва футболбозони ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Варзиш» бинобар ғолибият дар марҳилаи сабқати дохилӣ Кумитаро дар марҳилаи навбатии мусобиқот миёни вазорату идораҳои кишвар намояндагӣ менамоянд.

Мусобиқаи варзишӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо мақсади рушд ва оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, бахусус миёни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE