Бо қарори БМТ «Тоҷиксодиротбонк»ҳам барҳам хӯрд
Дар асоси қарор гузаронидани ҳамаи амалиёти хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавҷуда, то таъйин шудани мудири махсус манъ гардид. Тибқи хабари манбаъ, бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати мамлакат бо роҳи сармоякунонии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» соли 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нашуд.
Фаъолияти молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва сари вақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта, низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ, дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, риоя нагардидани принсипи баҳогузорӣ ва пешниҳоди раванди қарздиҳӣ ва бизнес-протсессҳо, фаъолияти номукаммали кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи аудит, кумитаи идоракунии хавфҳо, кумитаи идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, кумитаи қарздиҳӣ ва ғайраҳо, мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал шуд.Бинобар сабабҳои овардашуда нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» торафт манфӣ арзёбӣ гардида, Бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонугузории кишвар, бо қарори суд мудири махсус таъин мегардад ва аз лаҳзаи таъйин шудани мудири махсус ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) қатъ гардида, ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба ҳисоб меравад. Мудири махсус дар доираи салоҳияти ихтисосии худ ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои Бонк ва тақсими маблағҳоро бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд. Тибқи раванди муайяншуда, баробари бозхонди иҷозатнома, аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 64 фоизи пасандоздорон, яъне 3,5 ҳазор нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 36 фоизи дигарашон, яъне 2 ҳазор нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда ба мизоҷон пардохт мегардад.
Қаблан, хабар дода будем, ки Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021 иҷозатномаи ҶСК «Агроинвестбонк» бозхонд гардид. Тибқи қарори Раёсати БМТ, гузаронидани ҳамаи амалиёти хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК «Агроинвестбонк» мавҷуда то таъйин шудани мудири махсус манъ гардид.