Гулмаҳмадзода ва Ҳакимзода аз ноҳияи Данғара боздид намуданд
Имрӯз муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо раванди амалигардии «Лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара», марҳилаи 3 шинос шуданд.
Баъди татбиқи пурраи тарҳи мазкур беш аз 1700 гектар заминҳои лалмии мавзеи Ғарғара бо усули анъанавӣ ва қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Ҳангоми боздид аз ҷараёни обёрии пахта ва ғалла ба лоиҳакашону деҳқонон дастур дода шуд, ки бо истифодаи оқилонаи об ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзиро баланд бардоранд.
Ҳамзамон оид ба иҷрои лоиҳаи мазкур дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо масъулин ва иҷрогарони лоиҳа ҷаласа доир гардида, муовини Сарвазири мамлакат Д. Гулмаҳмадзода доир ба ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.