Лигаи чемпионҳо: Манчестер Сити ва Челси барои унвони қаҳрамонӣ вориди майдон мешаванд
Имрӯз, ҷаҳон ба ду табақа ҷудо шуда, яке ба тарафдории “Ман Сити” ва дигаре ба тарафдории “Челси” мухлисӣ мекунанд. Охирон бор “ашрофзодаҳо” ин ҷоизаро 10 сол пеш бӯйкашида буданд. “Шаҳриҳо” бошанд, танҳо бӯсидани ин ҷомро дар оинаи нилгун дидаанд. Хулоса ба даст овардани ин ҷоиза барои ҳарду даста хеле муҳим аст. Агар чӣ қадаре дар бораи ин мусобиқа ва ин дастаҳо нависем ҳам, кам аст. Дар ҳамин ҷо ба хабари худ хотима медиҳем. Рақобати мазкур имшаб соати 23:55 бо вақти Душанбе тариқи ТВ “Варзиш” манзури тамошобинон мешавад.