Душанбе: конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар  доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зан — сарчашмаи зиндагӣ» баргузор гардид.

Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик  Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ  қарор дода,  барои  боз ҳам болои бурдани мавқеи онҳо дар ҷомеа  пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Номбурда ҳамчунин оид ба амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти фаъолгардонии занон дар ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои ин масъала ибрози андеша намуд.

Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирокчиёни конференсияро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам гуфта, ҳадафи баргузории конфронсро муҳокимаву баррасии масъалаҳои марбут ба ҳолат, ҷойгоҳ ва нақши кунунӣ, дараҷаи иштироки гуногуни занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсии давлат ва ҷомеа маънидод намуд.

Мавсума Муинӣ  таъкид намуд, ки «тайи сӣ соли соҳибистиқлолии мамлакат занону бонувони мо дар  баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ  баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ ва давлати навини тоҷикон саҳми назаррас мегузоранд».

«Аз ҷониби ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар ин самт  ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқии оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувону духтарон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда,   чунин сиёсати наҷиб  минбаъд низ идома  меёбад”,-афзуд М.Муинӣ.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  ба фаъолияти занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар баҳои баланд дода, саҳми арзандаашонро дар таъмини пешрафти давлат, ободии Ватан ва сулҳу субот махсус таъкид намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки  дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, олимону коршиносони ватанию хориҷӣ, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Конференсия тариқи маҷозӣ низ сурат гирифта, дар он намояндаи Федератсияи Россия дар Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳои ИДМ Михаил Швидкой ва дигар олимону коршиносон аз Озорбойҷон, Украина, Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок  ва  суханронӣ намуданд.

Коршиносон нақши давлат ва мақомоти дахлдорро дар  боло бурдани мавқеи занону духтарон, дастгирии онҳоро тибқи барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки давлатӣ, квотаҳо ва грантҳо, ки ба  баланд гардидани сатҳи  маърифатнокӣ ва вазъи  иҷтимоиашон  нигаронида шудаанд, шарҳ доданд. Олимон ва коршиносон дар конфронс таъкид намуданд, ки бо дастгирии доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои гендерӣ, шумораи  духтарон ва заноне, ки тавассути квота маълумоти олӣ гирифтаанд,  натанҳо дар  мамлакат, балки дар кишварҳои ИДМ низ  афзудааст.

Инчунин, коршиносон дар баромадҳои хеш ба ҷанбаҳои муҳимтарини татбиқи сиёсати гендерӣ, механизмҳои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва давлат, дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, таҳия ва ҳалли масъалаҳои мубрами давлат дахл карданд.

Иштирокчиёни конфронс дастгирии васеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз барномаи гендерии давлат, ки ба эҷоди симои муосир, баланд бардоштани фарҳанг ва соҳибихтисоси зан нигаронида шудааст, зикр карданд ва барои дастгирӣ ва ғамхории доимӣ нисбати занону духтарон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар қисмати кор бо бахшо баёнияи иштирокчиёни конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зан-сарчашмаи зиндагӣ»  кабул гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE